Ба беморони гирифтори бемории гепатити "С" доруворӣ ройгон дода мешавад

    Тандурустӣ 29 Iyul 2022 1771

    Дар брифинг дар АИКО раҳбари Хидмати иттилоотии беҳдошти санитарию эпидемиологӣ ва солимии аҳолӣ Мафтуна Саидова ба муносибати 28 июл – Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо гепатит оид ба тадбирҳои дар ин самт андешидашуда маълумот дод.

    Аз 1 июли соли равон шумораи муоинаи солонаи скринингии аҳолии ҷумҳурӣ ба 1 миллион нафар, шумораи муоинаҳо бо усули реаксияи занҷири полимерӣ (ПСР) то ба 15 ҳазор ва табобати беморони гирифтори бемории гепатити вирусии "С" - то 10500 расонда мешавад.

    Бо мақсади пешгирии сирояти гепатити "В" ба шахсони гирифтори хатари сироятёбӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тиб, ки бо хун ва ҷузъҳои он кор мекунанд, эмкунӣ оғоз шудааст.

    Дар тӯли солҳои 2022-2023 қариб 120 000 кормандони тиббӣ пурра бар зидди сирояти гепатити вирусии "В" эм карда мешаванд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates