Масъалаҳои муҳими сохаи пахтакорӣ баррасӣ шудаанд

    Ҳукумат 27 Iyul 2022 4843

    Президент Шавкат Мирзиёев 27 июл оид ба вазифаҳои актуалии пахтакорӣ ҷамъомад баргузор намуд.

    Чунон ки маълум аст, ин соҳа дар хоҷагии қишлоқ ва бо кор таъмин кардани аҳолӣ нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ бо ташаббуси Президент дар пахтакорӣ низоми кластерӣ ҷорӣ шуда буд. Дар натиҷа қариб 350 фабрикаи калон ба кор андохта шуд. Панҷ сол қабл дар кишвар ҳамагӣ 40 дарсади нахи пахтаи ватанӣ коркард мешуд, имрӯз ин нишондиҳанда 100 дарсадро ташкил медиҳад.

    Тағйир ёфтани обу ҳавои солҳои охир дар назди пахтакорӣ вазифаҳои нав ба миён мегузорад. Аз ҷумла, чунин ҳарорати ба таври ғайримуқаррарӣ баланд, ба монанди тобистони имсола, қаблан мушоҳида нашудааст. Рӯзона ҳарорати ҳароратсанҷ аз 43 дараҷа боло мемонад. Ҳарорати шабона ҳам аз меъёр зиёд мешавад.

    Ин барои пахтакорӣ вазъияти фавкулодда аст. Вале ҳамаи имко-ниятҳоро ба кор андохта, ҳосилро нигоҳ доштан лозим. Барои ин бояд тухмипарварӣ, интихоби навъҳо, ғизодиҳӣ, обёрӣ ва мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон дар асоси равишҳои илмӣ ба роҳ монда шавад.

    Ба ин маъно, ки тибқи қарори сарвари давлатамон «Дар бораи тадбирҳои иловагии ташкилӣ оид ба баланд бардоштани ҳосили пахта, ҷорӣ намудани илму инноватсия дар парвариши пахта» таъсис додани Шӯро оид ба пахтакорӣ хеле муфид гардид.

    Дар ҷамъомад вазири рушди инноватсионӣ, раиси Шӯрои пахтакорӣ И.Абдурахмонов дар бораи корҳои анҷом додашуда ҳисобот дод.

    Таъкид гардид, ки аъзои шӯро якҷоя бо олимону мутахассисон вазъиятро ба ноҳияҳои Қӯйичирчиқ, Сайхунобод, Навбаҳор, Нарпай, Вобкент ва Қарокӯл баромада омӯхтанд. Аз ҷумла, маълум гардид, ки нормаи зичии ниҳолҳо дар пахтазор 35-40 фоиз баланд шудааст. Дар баъзе майдонҳо дар қисми болоии ғӯзапоя қариб ҳосил нест ва дар поёни он ҳамагӣ 2-3 курак ҳосил шудааст. Ҳашароти зараррасон ва касалиҳо низ зиёд шудаанд.

    Дар ҷамъомад оид ба парвариши пахта ва дар чунин вазъият таъмин намудани ҳосил тавсияю дастурҳо дода шуданд. Барои татбиқи онҳо дар тамоми минтақаҳо “30 рӯзи зарбдор” эълон шудааст.

    Зарурати ташрифи мутахассисон ба майдонҳои кластерҳо ва фермерон барои тавзеҳи ҳалли илмӣ ва инноватсияҳо таъкид гардид.

    — Мо бояд бо назардошти он амал кунем, ки тағйирёбии иқлим дар оянда таъсири манфӣ мерасонад. Ба ин масъала муносибати илмӣ лозим аст, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Ҳокимони вилоят дар бораи тадбирҳое, ки дар ин рӯзҳоим актуалӣ андешида мешаванд, ҳисобот доданд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates