Ҳайати мақомоти ҷумҳуриявии ҳокимияти иҷроия ихтисор карда мешавад

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Фармон "Дар бораи чораҳои таъхирнопазири ташкилӣ оид ба роҳандозии самарабахши фаъолияти мақомоти ҷумҳуриявии ҳокимияти иҷроия" аз 25 январи соли 2023 № ФП-14 имзо гузошт.

    Ҳуҷҷат шумораи умумии ниҳоии тамоми ҳайати идоракунандаи мақомоти ҷумҳуриявии ҳокимияти иҷроия – вазорату кумитаҳо, агентиҳо ва инспексияҳо, инчунин воҳидҳои ҳудудию ноҳиявӣ (шаҳрии) онҳоро, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ маблағгузорӣ мешаванд – 56 573 воҳиди штат тасдиқ мекунад.

    Барои маълумот: дар низоми вазорату идораҳо 17 447 воҳиди штат ихтисор карда мешавад.

    Минбаъд аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетии фондҳои вазорату идораҳо ҷорӣ намудани воҳидҳои иловагии штатҳои идоракунӣ манъ аст.

    Ғайр аз ин, Рӯйхати ягонаи мақомоти ҷумҳуриявии ҳокимияти иҷроия — вазоратҳо, кумитаҳо, агентиҳо ва инспексияхо тасдиқ карда мешавад.

    Барои маълумот: рӯйхат аз 69 воҳид иборат аст, ки аз онҳо:

    вазоратҳо – 21 воҳид;

    кумитаҳо – 12 воҳид, аз ҷумла кумитаҳои мустақили дорои мақоми махсус – 2 воҳид;

    агентиҳо – 25 воҳид, аз ҷумла кумитаҳои мустақили дорои мақоми махсус - 3 воҳид;

    инспексияҳо – 11 воҳид.

    Инчунин, катъи фаъолияти мақомоти иҷроияи фондҳои дорои мақоми шахси ҳуқуқӣ (дирексияҳо, кумитаҳои идоракунӣ ва департаментҳо ва ғайра) ва ба вазорату идораҳо додани вазифаҳои онҳо дар назар аст.

    Ҳуҷҷат дар Пойгоҳи миллии маълумотҳои қонунгузорӣ нашр шудааст ва аз 25 январи соли 2023 эътибор дорад, хабар медиҳад "Norma".

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates