"Рейси озмоишӣ ба нимаи дуюми моҳи ноябр ба нақша гирифта шудааст, ба фикрам, ҳамаи мо шоҳиди ин рӯйдоди беназир хоҳем шуд, - гуфт муовини Сарвазир.
Вай илова намуд, ки Русия ва Ӯзбекистон барои такмил додани ин лоиҳа минбаъд низ талош хоҳанд кард, зеро ин гардиши молро ҳам аз ҷиҳати миқдор ва ҳам сифат афзоиш хоҳад дод, хабар медиҳад ТАСС.
"Ба фикрам, ҳамаи корҳои пешакӣ хеле зуд ба анҷом мерасанд ва дар нимаи дуюми моҳи ноябр мо метавонем аз Тошканд ба Маскав омадани аввалин «Агроэкспресс»-ро ҷашн гирем" - гуфт ӯ.
С.Умурзоқов гуфт, ки ӯ зимни сафари худ ба Ӯзбекистон бо вазири рушди иқтисодии Русия Максим Решетников тамоми ҷузъиёти лоиҳаи "Агроэкспресс"-ро баррасӣ кардааст. «Дар доираи вохӯриҳо ва муҳокимаҳоямон мо ниҳоят тамоми ҷонибу ҷанбаҳои ташкилию техникӣ ва дигари лоиҳаи «Агроэкспресс» ба мувофиқа расидем», - гуфт муовини Сарвазир.
Ба гуфтаи С.Умурзоқов, ба ҷуз аз Русия ва Ӯзбекистон, Қазоқистон ба ин лоиҳа пайвастааст, ки роҳи қатора аз он мегузарад.
"Ин як қатораи экспресс нест, сухан дар бораи системае меравад, ки мо мехоҳем онро роҳандозӣ кунем", - шарҳ дод муовини Сарвазир.
Вай ёдовар шуд, ки дар ҷаласаҳои охирини Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё ва Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ Президенти Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки ба лоиҳаи «Агроэкспресс» ба ҷуз аз се кишвари феълии ширкаткунанда, дигар давлатҳо, пеш аз ҳама, аъзои Иттиҳоди Аврупо ва нозирон шомил шаванд.
Муовини нахуствазир афзуд, ки дар роҳ “Агроэкспресс” аз Ӯзбекистон ба Қазоқистон ва аз Қазоқистон ба Русия ва ҳамчунин ба самти муқобил молу коло мерасонад, то ҳадди аксар сарборӣ ва самаранокии ҳамлу нақлро таъмин кунад. Ин тавассути истифодаи хидматҳои рақамӣ, ки аз ҷониби соҳибони моли интиқолшаванда истифода мешаванд, таъмин карда мешавад.
"Ин як платформаи электронӣ хоҳад буд, ки дар он ҳамаи иштирокчиён -- потенсиалӣ, амалкунанда, гипотетикӣ бояд кор кунанд", - шарҳ дод муовини Сарвазир. - Мо бояд расмиёти гумрукию тарифӣ ва дигарро, ки дар сарҳадҳо сурат мегиранд, ҳамоҳанг созем ва якпорча кунем. Дар ин ҷо мо низ як унсури рақамисозиро ҷорӣ карда истодаем”, - илова намуд ӯ.
Лоиҳаи “Агроэкспресс” ба суръатбахшии интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қатораи яхдонӣ дар хатсайри Маскав-Тошканд равона шудааст. Он логистикаро ба таври назаррас содда мекунад, мӯҳлати интиқоли сабзавот ва меваҳои тару тозаро аз Ӯзбекистон ба Русия ва маҳсулоти гӯшт ва ордро аз Русия ба Ӯзбекистон коҳиш медиҳад.