баннер
2 Mar 2025
19:07

    Сафири аввалини Ӯзбекистон эътимодномаи худро ба Президенти Албания супурд

    Сафири аввалини Фавқулода ва Мухтори Ӯзбекистон дар Албания бо қароргоҳаш дар Вена Бахтиёр Иброҳимов эътимодномаи худро ба Президенти Албания Байрам Бегай супурд.

    Дар ин бора АИ "Дунё" хабар додааст.

    Дар ҷараёни мулоқот, ки пас аз маросими расмӣ дар қароргоҳи Президент баргузор шуд, дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи байни Ӯзбекистон ва Албания баррасӣ гардид. Ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои савдо-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.

    Президенти Албания Байрам Бегай ба ислоҳоти васеъмиқёсе, ки солҳои охир дар Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев татбиқ мегарданд ва натиҷаҳои он баҳои баланд дод.

    Ҳарду ҷониб омодагии худро барои ба сатҳи нав баровардани муносибатҳо тасдиқ карданд.

    Ёдовар мешавем, ки Бахтиёр Иброҳимов моҳи ноябри соли 2023 аккредитатсия шуда, эътиборномаашро ба Президенти Австрия Александр Ван дер Беллен супурда буд. Дар моҳи октябри соли 2023 ӯ инчунин ҳамчун намояндаи расмии кишвари худ дар созмонҳои байналмилалии қароргоҳашон дар Вена, аз ҷумла САҲА, Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC), Ташкилоти аҳдномаи манъи ҳама гуна озмоишҳои ҳастаӣ (CTBTO), Ожонси байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ) ва дигар сохторҳои СММ аккредитатсия гардида буд.

    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech