Тибқи иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт боришот пешбинӣ нашудааст. Шамол дар як сония бо суръати 5-10 метр вазида, то 12-15 метр шиддат мегирад, дар баъзе ноҳияҳо тӯфони ғуборолуд падид меояд. Ҳарорат 36-38 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар нимаи дуюми рӯз дар баъзе ноҳияҳо эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол бо суръати 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр мевазад. Ҳарорат 27-32 дараҷа гарм мешавад.