Тибқи иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт боришот пешбинӣ нашудааст. Шамол дар як сония аз 5-10 ваз0ида, то 12-17 метр шиддат гирифта, баъзан тӯфони ғуборолуд падид меояд. Ҳарорат 38-40 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе ҷойҳо шиддат мегирад, раъду барқ ба амал меояд, дар баъзе ноҳияҳо жола меборад. Ҳодисаҳои селравӣ имконпазир аст. Шамол дар як сония бо суръати 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 27-32 дараҷа гарм мешавад.