Ба иттилои хидмати Узгидромет, дар нимаи дуюми рӯз дар пойтахт каме борон меборад ва раъду барқ ба вуҷуд меояд. Шамол дар як сония бо суръати 3-8 метр вазида, эҳтимол то 10-12 метр шиддат гирад. Ҳарорат 33-35 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ эҳтимол дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал ояд. Ҳодисаҳои селравӣ имконпазир аст. Шамол дар як сония 7-12 метр ва дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр мевазад. Ҳарорат 22-27 дараҷа гарм мешавад.