Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён изҳор намуд, ки Теҳрон мақсади сохтани аслиҳаи ҳастаиро надорад, хабар медиҳад tass.ru.
"Мо кӯшиш намекунем аслиҳаи ҳастаӣ созем, аммо моро ба он айбдор мекунанд, ки гӯё бомба месозем. Ин як нақшае аст, ки онҳо талош доранд барои сохтан баҳона истифода баранд. Ин дурӯғ аст", - таъкид кард Президенти ҷумҳурӣ дар мусоҳиба бо канали телевизионии NBC News.