Ин нашрия назарҳои сайёҳони пуртаҷрибаи ҷаҳонро ҷамъ овардааст, ки дар бораи зеботарин ҷойҳое, ки боздид кардаанд, нақл карданд. Дар натиҷа рӯйхатеро таҳия намуданд, ки онро метавон ҳамчун роҳнамо ба гӯшаҳои аҷибтарини сайёра номид.
Сайёҳоне, ки ба Самарқанд сафар кардаанд, майдони Регистонро чунин тавсиф мекунанд:
«Майдони бузурге, ки бо се бинои монументалӣ иҳота шудааст, Регистон дили куҳанбунёди Самарқанд аст, таҷассумгари шаҳри Роҳи Абрешим дар Ӯзбекистони муосир.
Се мадрасаи Регистон, ки аз асри XV то XVII сохта шудаанд, манзараи аҷибе бо портали камоншакл, гунбазҳои дурахшон ва манораҳои баланд пешкаш мекунанд, ки бо нақшҳои геометрии аз хишт, сафол ва мозайка оро дода шудаанд.
Ин биноҳо ҳамон қадар бошукуҳ, зебо, ҳайратовар ва меҳмоннавозанд. Ва бо фарорасии торикӣ онҳо бо тамоми зебоии худ бо нур мунаввар мешаванд."
Барои маълумот: «TimeOut» — ширкати байналмилалӣ бо қароргоҳаш дар Лондон буда, ҳафтавореро бо ҳамин ном дар бораи фароғат ва ҳаёти фарҳангӣ дар 60 шаҳри ҷаҳон нашр мекунад.