Дар чорабинӣ намояндаи Президент оид ба масъалаҳои варзиш Одил Абдураҳмонов, вазири варзиш Адҳам Икромов ва муовини аввали раиси КМО Отабек Умаров ширкат варзиданд. Онҳо чемпионҳо ва мураббиёнро табрик гуфта, ба онҳо муваффақиятҳои минбаъда ва пирӯзиҳои нав орзу карданд.
Аз номи мукофотонидашудагон Руслан Нурудинов, Абдумалик Халоков, Тулкин Қиличёв, инчунин Туробҷон Умматалиев – падари Жавоҳир Умматалиев ба Президент ва давлат барои дастгирӣ ва таваҷҷӯҳ изҳори миннатдорӣ карданд.
Варзишгарон зикр карданд, ки ин ҷоиза барои онҳо ангезаи нав гардида, онҳоро ба дастовардҳои тоза ҳидоят мекунад ва нуфузи варзиши Ӯзбекистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам тақвият хоҳад дод.












