Дар рӯзҳои охир дар кишвари мо бинобар шароити номусоиди метеорологӣ, ки бо падидаи инверсияи ҳарорат вобаста аст, коҳиши сифати ҳаво ба мушоҳида мерасад. Муовини раиси Кумитаи миллии экология ва тағйирёбии иқлим Искандар Қутбиддинов дар бораи вазъият маълумот дод.

Дар баъзе ҳолатҳо фарқи шадиди ҳарорати ҳаво миёни рӯз ва шом то 14 дараҷа, пайдоиши туман ва коҳиш ёфтани суръати шамол паҳншавии моддаҳои ифлоскунандаро дар ҳавои атмосфера душвор мегардонад.

Қайд мегардад, ки фаъолияти Комиссияи махсус қатъ нашудааст. Дар баробари мунтазам огоҳ кардани аҳолӣ аз вазъи экологӣ, он фаъолияти ташкилотҳои дахлдорро ҳамоҳанг месозад.

Дар айни замон диққати асосии Комиссияи махсус ба гузаронидани рейдҳои экологӣ ва чорабиниҳои назоратӣ дар иншооти саноатӣ ва хоҷагӣ равона шудааст.

Барои коҳиш додани фишори антропогенӣ (яъне таъсири фаъолияти инсон) ба ҳавои атмосфера дар шароити номусоиди обу ҳаво иқтидори корхонаҳо маҳдуд карда шуда, фаъолияти бархе аз онҳо муваққатан боздошта мешавад.

Аз 1 то 7 январ дар 12 корхонаи истеҳсолии шаҳри Тошканд ва 22 корхонаи истеҳсолии вилояти Тошканд санҷишҳо гузаронида шуда, чораҳои муассир андешида шуданд. Нисбат ба даҳҳо воситаи нақлиёт, ки ҳавои атмосфераро ифлос мекарданд, чораҳои маъмурӣ татбиқ гардиданд.

Ҳамзамон чорабиниҳои пешгирикунанда низ анҷом дода мешаванд: назорати манбаъҳои партовҳо тақвият ёфта, арзёбии фаврии сифати ҳавои атмосфера гузаронда мешавад.

Тибқи таҳлили мутахассисон, шароити номусоиди метеорологӣ то 16–17 январ нигоҳ дошта мешавад. Бо фаро расидани антисиклонҳо, зиёд шудани боришот ва суръати шамол, беҳтаршавӣ ва ба эътидол омадани сифати ҳавои атмосфера интизор меравад.

Инверсияи ҳарорат падидаи кӯтоҳмуддат ва пешгӯишавандаи метеорологӣ буда, дар ин давра мақомоти давлатӣ дар реҷаи пурзӯр фаъолият карда, чораҳои санҷидашудаи коҳиш додани ифлосшавиро амалӣ менамоянд.

Пас аз анҷоми давраи инверсия рейдҳои экологӣ ва чорабиниҳои мониторингӣ аз ҷониби Комиссияи махсус идома хоҳанд ёфт. Ҳамаи тадбирҳои андешидашуда ба ҳадди ақал расондани хатарҳои ба вуҷудомада ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ равона гардидаанд.

Ҳамаи чорабиниҳо мутобиқи тавсияҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснокшуда амалӣ карда мешаванд.