Бар асари заминларза дар Туркия қариб 240 нафар ҷароҳат бардоштанд

    Теъдоди маҷрӯҳони заминларза дар Туркия ба 236 нафар расидааст. Дар ин бора вазири тандурустии Туркия Кемал Мемисўғлу дар брифинг, ки дар ситоди Департаменти вазъиятҳои фавқулода доир гардид, маълум кард.

    Ба гуфтаи Мемисўғлу, шаҳрвандон асосан дар натиҷаи ваҳму воҳима ҳангоми гурехтан ё аз хонаҳояшон берун ҷаҳидан ҷароҳат бардоштаанд. Танҳо дар Истанбул 173 чунин ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Илова бар ин, аксари осебдидагон ниёз ба беморхона надоштанд ва вазъи онҳо муқаррарӣ арзёбӣ мешавад.

    Субҳи 23 апрел, дар чанд даҳ километр дуртар аз Истамбул заминларза бо шиддати 6,2 дараҷа рух дод. Фаъолияти сейсмикӣ дар вилоятҳои ҳамсояи Истамбул низ эҳсос шудааст. Тибқи маълумоти охирин, 51 ҳолати заминларза сабт шудааст, хабар медиҳад kommersant.ru.

    No date selected
    May 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates