Барномаи грантӣ оид ба таҳсили донишҷӯёни ӯзбекистонӣ дар Фаронса ба имзо расид

    Таълим 22 Yanvar 2022 1684

    21 январи соли 2022 сафири Фаронса Аурелия Бушез ва директори Бунёди «Эл-юрт умиди» Адҳам Бекмуродов имзои созишномаи мандатӣ байни фонди “Эл-юрт умиди” ва агентии “Campus France”-ро (агентии Фаронса оид ба мусоидати таҳсилоти олӣ, ҳаракати байналмилалӣ ва қабули донишҷӯён) қайд намуданд. Ин созишнома аз ҷониби сарони ин ду созмон 21 декабри соли 2021 ба таври онлайн имзо шудааст.

    Имзои ин созишнома қисме аз идомаи ҳамкориҳои донишгоҳҳои Фаронса ва Ӯзбекистон ва аз ҷумла, Форуми донишгоҳҳои фаронсавию ӯзбекистонӣ, ки аз 7 то 9 октябри соли 2021 дар Тошканд ва Самарқанд баргузор шуд, ба ҳисоб меравад.

    Созишномаи мандатии мазкур дар доираи татбиқи созишнома оиди якҷоя маблағгузорӣ кардани грантҳои донишҷӯён, ки 10 майи соли 2021 байни сафоратхонаи Фаронса ва фонди ва “Эл-юрт умиди” баста шудааст, ба имзо расида буд.

    Он барои донишҷӯёни ӯзбекистонӣ ҳангоми гирифтани грантҳо барои таҳсил дар Фаронса имкониятҳои навро мекушояд. Донишҷӯёни Ӯзбекистон метавонанд барои идомаи таҳсил самтҳои зеринро интихоб кунанд: муҳандисӣ, гуманитарӣ, забонҳои хориҷӣ, фарҳанг, мӯд, ҳуқуқ, идоракунии давлатӣ ва ҳатто тандурустӣ.

    Сафоратхонаи Фаронса, агентии «Campus France» ва Фонди “Эл-юрт умиди” саъю кӯшишҳои худро муттаҳид намуда, ба донишҷӯёни боистеъдоди Ӯзбекистонӣ бобати ба рӯйи об баровардани орзуву саъю кӯшиш, инчунин саҳми муносиб гузоштан ба рушди Ӯзбекистон ба туфайли дониш ва малака, ки дар муассисаҳои бонуфузи таълими олии Фаронса гирифтаанд, имконият фароҳам меоранд.

    Ин шарикӣ, ки аз ҷолибияти Фаронса ва 3 500 муассисаи таҳсилоти олии он шаҳодат медиҳад, инчунин як қисми стратегияи "Хуш омадед ба Фаронса" мебошад, ки ҳадафи он ҷалби беш аз 500 000 донишҷӯёни хориҷӣ то соли 2027 ва омода кардани "сафирҳои" аълочии донишгоҳҳои муассисаҳои таълими олии Фаронса мебошад.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates