Сарвазири Покистон ба ҳамоиши СҲШ омад

    15 сентябр Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо сафари корӣ ба Самарқанд омад.

    Дар фурудгоҳ меҳмони олимақомро Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

    Сарвари ҳукумати Покистон маҷмааи ёдгории "Ҳазрати Хизр"-ро зиёрат намуда, хотираи Президенти Нахустини мамлакатамон Ислом Каримовро пос дошт.