Ба иттилои рӯзномаи Politico, ки ба ҳуҷҷатҳои дар ихтиёраш буда истинод мекунад, дар як дастури ин оҷонсӣ зикр шудааст, ки кишвари аввале, ки неругоҳи атомӣ дар Моҳ месозад, метавонад “минтақаи мамнӯъ эълон намояд”, ки ин метавонад имкониятҳои ИМА-ро ҷиддан маҳдуд созад.

Бо назардошти ин, NASA ба ҷустуҷӯи пудратчӣ барои сохтмони реактори ҳастаии 100-киловаттӣ оғоз мекунад, ки қарор аст то соли 2030 ба фазо фиристода шавад.

Як мансабдори баландпояи NASA ба рӯзнома гуфтааст:

“Сухан дар бораи пирӯзӣ дар даври дуюми сабқати кайҳонӣ меравад”.

Ҳамчунин таъкид шудааст, ки ИМА мехоҳад равандҳои даст кашидан аз Истигоҳи байналмилалии кайҳониро (ISS) то соли 2030 тезонад ва онро бо истгоҳҳои хусусӣ иваз намояд. Чанд ширкат, аз ҷумла Axiom Space, Vast ва Blue Origin, аллакай пешниҳод карданд, ки метавонанд талаботи NASA-ро дар ин самт қонеъ созанд.