Ёвари ҳокимро ҳангоми гирифтани пора дар Тошканд дастгир карданд

    Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Тошканд бо гирифтани 30 ҳазор доллари ИМА ёвари ҳоким оид ба масъалаҳои рушди соҳибкорӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ дар маҳаллаи Учтепаи шаҳрро боздошт карданд, хабар медиҳад ӮзА.

    Гуфта мешавад, ки мансабдор барои ин маблағ ба як шаҳрванд, ки мехост ба соҳибкорӣ машғул шавад, тавассути шиносҳои мансабдори баландпоя ваъда додааст, ки дар озмунҳои ауксиони ғолибиро таъмин намояд ва барои сохтмони чор мағоза ба номи ӯ як қитъаи замини 210 метри мураббаъро расмӣ гардонад.

    Нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ тибқи банди «а» қисми 4 моддаи 168 (қаллобӣ, ки дар андозаи махсусан калон содир шудааст) ва банди «а» қисми 3 моддаи 211 (порадиҳӣ дар андозаи махсусан калон) тариқи моддаи 28 (навъҳои шарикони ҷиноят) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз шудааст. Ба ӯ чораи пешгирӣ дар шакли ҳабси пешакӣ татбиқ шудааст.

    Боздоштшуда қаблан се маротиба тибқи моддаҳои 167 (дуздӣ тавассути тасарруф ё исрофкорӣ), 168 (қаллобӣ), 205 (суиистифода аз мансаб ё ваколатҳои мансабӣ) ва дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ маҳкум шуда буд.

    No date selected
    February 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    Use cursor keys to navigate calendar dates