Сафири Фаронса ба Донишгоҳи байналмилалии “Роҳи абрешим” китобҳои арзишманд ҳадя кард

    Фарҳанг 31 May 2022 2035

    30 майи соли равон ҳайат аз Фаронса таҳти сарварии сафири Фаронса дар Ӯзбекистон Аурелия Бушез аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии “Роҳи абрешим” дидан кард.

    Мақсад аз сафар шиносоӣ бо ҷойҳои ҷолиби шаҳр, бо таърихи бостонии онҳо, инчунин бо фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии “Роҳи абрешим” дар доираи рушди муносибатҳои Ӯзбекистону Фаронса дар соҳаи таълим ва сайёҳӣ буд.

    Зимни сафар хонум Аурелия Бушез бо муовини Сарвазир, вазири сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ректори Донишгоҳи “Роҳи абрешим” Азиз Абдуҳакимов мулоқоти расмӣ анҷом дод. Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳоро дар соҳаи маориф баррасӣ карданд. А. Абдуҳакимов зарурати нигоҳ доштани робитаҳои қавии корӣ, инчунин таъсиси пули академӣ барои ҳаракати монеаи донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳҳои ҳарду кишварро қайд намуд.

    Сафири Фаронса дар Ӯзбекистон Аурелия Бушез ба фонди китобхонаи донишгоҳ китобҳои нодири меъморӣ, осорхонашиносӣ ва туризми гастрономӣ ҳадя кард.

    «Ин китобҳо дар рафҳои китобхона ҷои махсусро ишғол намуда, иқтидори донишҳои соҳаи меъморӣ, мероси фарҳангӣ ва сайёҳии гастрономиро ба сатҳи баландтар мебардоранд», - қайд кард А.Абдуҳакимов.

    Мутобиқи хоҳиши дуҷонибаи халқҳои Фаронса ва Ӯзбекистон ҷиҳати рушди ҳамкориҳои таълимӣ ҳамчун асоси тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои робитаҳои хориҷии иқтисодии ду кишвар, ки дар рушди сайёҳӣ ва тадқиқоти илмӣ афзалиятҳои муштарак доранд, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи абрешим» бо муассисаҳои таҳсилоти олии Фаронса ҳамкории зич дорад.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates