Дар рафти суҳбат баъд аз маросими расмӣ Шоҳ Чарлз III ба Президенти Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев эҳтироми амиқ ва орзуҳои самимӣ изҳор кард, хабар медиҳад АИ "Дунё".
Динамикаи ҳамкориҳои мутақобилаи имрӯзаи Британияи Кабир ва Ӯзбекистон баҳои баланд гирифт. Таъкид шуд, ки барои боз ҳам амиқтар кардани ҳамкориҳо дар самтҳои васеъ бояд аз имконоти мавҷуда самаранок истифода бурд.
Подшоҳи Британияи Кабир дар анҷоми сӯҳбат ба сафири Ӯзбекистон дар фаъолияташ ҷиҳати беҳбуди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба муваффақият таманно намуд.
Ёдовар мешавем, ки сафири нави Ӯзбекистон Равшан Усмонов 14 ноябри соли 2023 ба Лондон омад. Пеш аз ин ӯ ба ҳайси сафири кишвари мо дар Малайзия кор кардааст.