Дар Хуҷанд иди забони ӯзбекӣ таҷлил шуд

    Воқеаҳо 21 Oktabr 2024 944

    Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Тоҷикистон ба муносибати 35-умин солгарди додани мақоми давлатӣ ба забони ӯзбекӣ шаби адабӣ баргузор шуд.

    Дар чорабинӣ намояндагони сафорати Ӯзбекистон, Маркази маънавиёт ва маърифати ӯзбек дар вилояти Суғд, Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон, Ҷамъияти дӯстии Хуҷанд, адибон ва шоирон, аҳли ҷомеа ва ҳамватанони шаҳр иштирок доштанд, хабар медиҳад хабаргузории «Дунё» .

    Ба кори шаби адабӣ муовини раиси Маркази ӯзбек, рӯзноманигори байналмилалӣ, дорандаи нишони сарисинагии “Халқлар дӯстлиги” Азод Мелибоев раҳбарӣ кард.

    Чорабинии идонаро арбоби ҷамъиятӣ, раиси маркази ӯзбекон, дорандаи ордени “Дўстлик”-и Ўзбекистон Илҳом Юсупов кушод.

    Нотиқон аҳамият ва нақши забони ӯзбекиро қайд намуда, дар бораи таърихи пайдоиш ва паҳншавии он, ба забони ӯзбекӣ додани мақоми давлатӣ дар Ӯзбекистон сухан ронданд.

    Дар чорабинӣ шоир Эралӣ Ҷиян аз ноҳияи Масчоҳ, шоир Шарофат Турдиалӣ аз Спитамен, шоир Ёқубҷон Очилов аз Истаравшан, шоир Абдуллоҷон Дӯстӣ маҷмӯаи ашъор ва китобҳои нави худро муаррифӣ карданд.

    Дар фарҷоми чорабинӣ кормандони сафорати Ӯзбекистон ба ҳамаи иштирокчиён китобҳои адибони маъруфи Ӯзбекистонро тақдим намуданд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates