Ҷумҳурии Саха яке аз минтақаҳои калонтарини Федератсияи Русия мебошад, ки дорои захираҳои фаровони табиӣ аст. Ин минтақа манбаи асосии истихроҷи алмос, тилло, нафт ва газ мебошад ва ҳамзамон дорои иқтидори баланди рушд дар соҳаҳои кишоварзӣ, истеҳсолоти саноатӣ ва логистика мебошад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро баррасӣ намуда, ба ҳамкории муштарак дар соҳаҳои заргарӣ ва саноати нассоҷӣ, кишоварзӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар бахшҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Тибқи натиҷаҳои музокирот, тавофуқ ҳосил шуд, ки ҳайати доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Саха моҳи апрели соли ҷорӣ ба Ӯзбекистон сафар мекунад.
Тавре ки хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноат хабар медиҳад, ин сафар барои таҳкими робитаҳои тиҷоратии дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд мусоидат хоҳад кард.