Раиси Сенат сафири Султонати Уммон дар Ӯзбекистонро ба ҳузур пазируфт

    27 майи соли ҷорӣ Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Султонати Уммон дар Ӯзбекистон Вафо Ҷабр Носир ал-Бусайдӣ мулоқот анҷом дод.

    Зимни мулоқот масъалаҳои рушд ва ба сатҳи нав баровардани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ шуданд.

    Ҷонибҳо қайд карданд, ки нишондиҳандаи гардиши моли мутақобила иқтидори ду кишварро инъикос намекунад ва зарур аст, ки лоиҳаҳои тиҷоратии муштараки соҳибкорон фаъол карда шаванд.

    Зимни муколама оид ба муттаҳид намудани саъю талошҳо барои минбаъд васеъ истифода бурдани ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг ва иқтидори сайёҳии кишварҳо табодули афкор сурат гирифт.

    Зимни суҳбат аҳамияти фаъол гардонидани муколамаи байнипарлумонӣ тавассути сафарҳои мутақобила, табодули таҷриба ва ба роҳ мондани робитаҳои зич миёни кумитаҳои дахлдори мақомоти қонунгузории ду кишвар таъкид шуд.

    Дар фарҷоми мулоқот дипломат итминон дод, ки минбаъд низ барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба аз тамоми имконияту неруҳо истифода хоҳад кард.


    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates