Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ ва вазифаҳои дарозмуддат оид ба таъмини баробарии гендерӣ баррасӣ шуданд.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои ҳамкорӣ ва вазифаҳои пешомаднок оид ба баробарии гендерӣ баррасӣ гардида, меҳмон бо ислоҳоти соҳаи баробарии гендерӣ, таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои занон, баланд бардоштани фаъолнонкии иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии онҳо дар кишварамон шинос карда шуд.
Дар навбати худ К.Борганиен ба кори таъмини баробарии гендерӣ дар кишвари мо баҳои баланд дод.
Ҷонибҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳо, ки ба минбаъд баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоию иқтисодии занон ва таъмини ҳуқуқи иқтисодӣ ва имкониятҳои занон нигаронда шудаанд, ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.