Дар форум роҳбарони ҷавонон, мутахассисон ва намояндагони мақомоти давлатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд, хабар медиҳад АИ «Дунё».
Рӯзи аввалини форум, ки таҳти шиори «Ҷавонон, саломатӣ ва рушди устувор» доир шуд, маърузаҳо ва муҳокимаҳо бахшида ба масъалаҳои некӯаҳволии ҷавонон, пешгирии одатҳои бад, саломатии равонӣ, муҳити зисти солим, маориф ва касб, инчунин фарҳанги экологӣ пешниҳод шуданд
Рӯзи дуюми чорабинӣ бошад ба мавзӯи «Сулҳ ва устувории рақамӣ» бахшида шуд. Иштирокчиён рушди платформаҳои рақамӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, дастгирии стартапҳои ҷавонон ва пешбурди фарҳанги истифодаи солими технологияҳои рақамӣ миёни ҷавононро муҳокима карданд.
Намояндагони Ӯзбекистон дар кори форум фаъолона ширкат варзида, таҷрибаи худро дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва инноватсия, боло бурдани иқтидори ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таъмини устувории экологӣ иброз намуданд.
Ҳайати Ӯзбекистон ҳамчунин як қатор ташаббусҳоро пешниҳод кард, ки ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ҷавонони Осиёи Марказӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои онҳо равона шудаанд.
Дар поёни форум ҳуҷҷати ниҳоӣ қабул гардид, ки ба рушди ҳамкорӣ миёни ҷавонони Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо нигаронда шуда, ҳамзамон дар бораи таҳияи «харитаи роҳ» бо чораҳои мушаххас барои оянда созиш ҳосил шуд.