Ӯ ин нуктаро дар паёми видеоӣ, ки дар Facebook нашр шуд, баён кард.
«Ман тарафдорам, зеро ба гуфтаи мутахассисоне, ки онҳоро мешиносам, ин бисёр зараровар аст ва мо бояд кӯдакони худро ҳифз кунем», — гуфт Бабиш.
Баъдтар муовини сарвазир Карел Гавличек илова кард, ки ҳукумат имкони ҷорӣ кардани чунин манъро бо коршиносон баррасӣ мекунад ва ният дорад дар ҳамин сол чунин пешниҳодро ироа намояд.
«Вақтро аз даст додан мумкин нест. Шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаёти кӯдаконро вайрон мекунанд, онҳо воқеан ба як вабо табдил меёбанд», — гуфт Гавличек дар эфирии CNN Prima News.
Дар охири моҳи январ Маҷлиси миллии Фаронса дар қироати аввал лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакони то 15-сола манъ мекунад. Дар соли 2025 қонуни ба монанд дар Австралия ба эътибор пайдо кард — дар он ҷо дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ барои наврасони то 16-сола манъ шуд.
Дар аввали моҳи феврал сарвазири Испания Педро Санчес низ аз нақшаҳои манъи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-сола хабар дод, менависад rbc.ru.