Мақомоти ҷазира намехоҳанд, ки ИМА соҳиби ин минтақа гардад ё бар он назорат ҷорӣ кунад. Дар ин бора сарвазири Гренландия Йенс-Фредерик Нильсен дар нишасти матбуотӣ дар Копенгаген изҳор дошт, хабар медиҳад news.rambler.ru.

«Ҳоло мо бо буҳрони геосиёӣ рӯ ба рӯ ҳастем — ва агар дар айни замон маҷбур шавем миёни Иёлоти Муттаҳида ва Дания интихоб кунем, мо Данияро интихоб мекардем», — гуфт Йенс-Фредерик Нильсен.