Дар ин бора агентии БТА рӯзи 19 январ хабар медиҳад.

Радев зимни муроҷиат ба миллат изҳор дошт, ки 20 январ аризаи истеъфои худро пешниҳод хоҳад кард. Ӯ изҳори итминон намуд, ки ноиби президент Илияна Йотова «иҷрокунандаи сазовори вазифаи президенти кишвар» хоҳад шуд.

Тавре Reuters қайд мекунад, пас аз изҳороти Радев фарзияҳо пайдо шудаанд, ки ӯ ният дорад ҳизби сиёсии худро таъсис диҳад ва дар интихоботи ғайринавбатии парлумонӣ ширкат варзад.

Румен Радев аз соли 2016 вазифаи президенти Булғористонро бар уҳда дошт ва соли 2021 ба муҳлати нави панҷсола дубора интихоб гардид. Мӯҳлати ваколатҳои ӯ бояд моҳи январи соли 2027 ба анҷом мерасид. Радев бо он маъруф аст, ки бар зидди ворид шудани Булғористон ба минтақаи евро дар соли 2026 баромад мекард.

Радев дар пасманзари бӯҳрони сиёсӣ дар Булғористон истеъфои худро эълон кард. Дар натиҷаи ин бӯҳрон, ба зудӣ дар кишвар барои ҳаштумин бор дар тӯли чор сол интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад. Эътилофи охирин то моҳи декабри соли 2025 фаъолият дошт, аммо ҳукумати кишвар пас аз эътирозҳои оммавӣ, ки бар асари нақшаҳои боло бурдани андозҳо ба вуҷуд омада буданд, истеъфо дод, менависад meduza.io.