Имрӯз дар ин минтақаи саноатӣ 510 корхона амал мекунанд, истеҳсолоти нав сохта мешаванд.
Чунончи, як корхонаи саноати хӯрокворӣ соле 7 ҳазор тонна маҳсулот, аз ҷумла 10 намуди чипс тайёр мекунад. Ба наздикӣ давраи дуюми лоиҳа ба кор сар хоҳад кард, ки имкон медиҳад номгӯйи маҳсулот зиёд гардад.
Корхонаи мебелсозие, ки дар ин ҷо фаъолият дорад, ҳар сол 2 миллион метри мураббаъ панелҳои чӯбӣ истеҳсол менамояд, ки қисмати зиёди онҳо воридотӣ мебошанд.
Дар комбинати хӯроки функсионалӣ истеҳсоли маҳсулоти қаннодии йоддор бо иқтидори соле 5 миллион баста ба роҳ монда шудааст. Пешбинӣ мегардад, ки 30 фоизи маҳсулот ба содирот бароварда шавад.
Роҳбари давлат ҷараёни технологии корхонаро тамошо кард. Президент ба самти нодири ҳар кадом истеҳсолот эътибор дод, зарурияти созмон додани чунин иқтидорҳоро дар тамоми минтақаҳо таъкид намуд. Муҳимияти маҳсулоти хӯроквории йоддор барои саломатии аҳолӣ қайд карда шуд. Президент супориш дод, ки истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории бо йод омехта зиёд карда шавад.
Дар ҳамин ҷо муаррифии нақшаҳо бобати рушди саноат дар ноҳияи Чилонзор баргузор гардид.
– Ноҳияи Чилонзор дорои инфрасохтори бузург мебошад, дар ин ҷо бисёр биноҳои истифоданашаванда ва дастрасии кафолатнок ба захираҳои энергетикӣ мавҷуданд. Танҳо дастгирии молиявии соҳибкорон зарур аст, бояд технологияи хориҷӣ оварда шаванд ва Чилонзор ба майдони бузурги саноатӣ табдил ёбад, – гуфт Президент.
Роҳбари давлат махсус зикр намуд, ки лоиҳаҳои иқтисодӣ бояд самараи иҷтимоӣ дошта бошанд. Зарурияти ба соҳибкорон кумакрасонӣ бобати инкишоф ва вусъат додани фаъолияти онҳо таъкид карда шуд, то ки тавонанд дар кам кардани нодорӣ ва баланд бардоштани шуғл дар маҳаллаҳо саҳм гиранд.
Бинобар бо кор таъмин кардани 3 ҳазор шаҳрвандони камтаъмин ва 10 ҳазор бекорони ноҳия, аз ҷумла аз тариқи барномаи наве, ки ба қарибӣ қабул гардид, вазифа гузошта шуд.
Президент ҳамчунин аз намоишгоҳи молҳое, ки корхонаҳои ноҳияи Чилонзор истеҳсол мекунанд, боздид ба амал овард.