Президент аз мусобиқаҳои чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дидан кард

    Варзиш 10 Oktabr 2022 2402

    Президент Шавкат Мирзиёев 10 октябр ба маҷмӯи варзишии “Humo Arena” ташриф оварда, аз мусобиқаҳои чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дидан кард.

    Маълум аст, ки ин мусобиқаест, ки аз ҷиҳати обрую нуфуз пас аз бозиҳои олимпӣ меистад. Дар чемпионат, ки дар мамлакати мо бори аввал гузаронда мешавад, 571 нафар дзюдочиён аз 82 мамлакат иштирок доранд. Ба ҳайати мунтахаби Ӯзбекистон 18 нафар мардону занон шомиланд.

    Сарвари давлатамон даври ниҳоии мусобиқаи мардонаро дар вазни то 90 кило тамошо кард. Ҳамватани мо Давлат Бобонов дар як муборизаи сахт бар рақиби итолиёиаш Кристиан Парлати пирӯз шуда, соҳиби медали тилло гардид. Ин боз як муваффақияти барҷастаи варзиши ватанӣ гардид.

    Ба ғолиб ва ҷоизадорон – Давлат Бобонов медали (тилло), Кристиан Парлати (нуқра), гурҷӣ Лаша Бекаури ва Лука Майсурадзе (биринҷӣ)-ро Президент Шавкат Мирзиёев супурд.

    Дар рӯзҳои боқимондаи мусобика боз чор намояндаи мамлакати мо ба татами мебароянд. Чемпионати ҷаҳон 13 октябр ба охир мерасад.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates