Президент ба академияи футбол ташриф овард

    Ҳукумат 12 Avgust 2022 6754

    Шавкат Мирзиёев дар рафти сафар ба Бекобод бо фаъолияти академияи футболи «El Golazo»-и назди клуби футболи «Металлург» шинос шуд.

    Мактаб, ки бо дастгирии фонди клуби маъруфи испании «Реал Мадрид» ташкил шуда буд, моҳи октябри соли гузашта ба кор шурӯъ кард. Стадионҳо бо фарши сабзаи табиӣ ва сунъӣ, толори фитнес, корпусҳои таълимӣ ва хобгоҳ шароитҳои замонавӣ доранд. Машқҳо мувофиқи анъанаҳои клуби футболи «Реал Мадрид» сурат мегиранд. Ба ҳайати мураббиён се мутахассиси испанӣ шомиланд.

    Ҳоло дар академия зиёда аз 200 нафар бачаҳо сабақ мегиранд. Ҷавононе, ки дар ин ҷо таҳсил кардан мехоҳанд, зиёданд. Аз ин рӯ, ба ин ҷо бачаҳои аз 11 то 17-сола дар асоси озмун қабул карда мешаванд. Ба қарибӣ 48 нафар тарбиягирандагон дар Испания аз дарси маҳорат гузаштанд.

    Сарвари давлат шароити дар академия фароҳам овардашударо аз назар гузаронда, бо бачаҳо суҳбат кард.

    – Чашмони дурахшони шуморо дида, ки дар чунин шароити замонавӣ таҳсил мекунанд, шод шудам, – гуфт Президент. – Бовар дорам, ки дар оянда аз байни шумо бозингарони номдор, чемпионҳо мебароянд. Аз ҳама муҳимаш, шумо солим ба воя мерасед. Фарзандонатонро ба варзиш ҷалб менамоед. Дар байни ҷавонон чунин саъю кӯшишро ба вуҷуд овардан мақсади мост.

    Сарвари давлат ба шахсони масъул дастур дод, ки таҷрибаи ин мактаби футболро оммавӣ гардонанд.

    Инчунин бо намояндагони насли калонсол, роҳбарони секторҳо, раисони маҳаллаҳо, муовинони ҳоким, пешвоёни ҷавонон ва бонувони фаъоли Бекобод суҳбати самимӣ сурат гирифт. Бинобар масъалаҳои ҷорӣ кардани низоми нави «маҳаллабай», рушди соҳибкорӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, коҳиш додани камбизоатӣ, ҳал намудани мушкилоти шаҳрвандон мубодилаи афкор ба амал омад.

    Бо ҳамин сафари Президент ба шаҳри Бекобод анҷом ёфт ва сарвари давлат ба Тошканд баргашт.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates