Президент аз муассисаи ҳарбии тиббӣ боздид намуд

    Ҳукумат 13 Yanvar 2023 6063

    Президент Шавкат Мирзиёев 13 январ аз Госпитали марказии ҳарбии клиникии Вазорати мудофиа боздид намуд.

    Бино ва усулҳои кори госпитал ба таҷдиди ҷиддӣ эҳтиёҷ дошт. Бо назардошти ҳамин дар ҷараёни боздид аз беморхона соли 2018 роҳбари давлат реконструксия ва муҷаҳҳазсозии замонавии онро супориш дода буд. Дар давраи гузашта дар ин ҷо кори доманфарохи сохтмону таъмир ба анҷом расонда шуд. Таҷҳизоти тиббӣ такомул дода шуд. Дар идора намудани госпитал менеҷменти клиникӣ ҷорӣ гардид.

    Дар ин ҷо 700 кат вуҷуд дошта, госпитал барои хидматчиёни ҳарбӣ, аъзои хонаводаи онҳо, собиқадорон бепул хизмат мерасонад. Хидмати пулакӣ барои дигар тоифаи беморон низ вуҷуд дорад. 286 намуди муоина, беш аз 600 тартиби табобат роҳандозӣ гардида, қариб 30 шуъбаи махсус ташкил гаштааст.

    Аз он ҷумла, барои шуъбаҳои ҷарроҳӣ бинои ҳаштошёнаи нав сохта шуд. Роҳбари давлат бо шароити он шинос гардид. Таъкид шуд, ки чунин клиникаҳо дар минтақаҳо низ бояд ба вуҷуд оварда шавад. Дар бобати табобати тоифаи одамони ғайриҳарбӣ, аз он ҷумла варзишгарон ва занон тавсияҳо дода шуд.

    Ҳамкории босамари байни таълим ва таҷриба ташкил гаштааст. Қаблан омодагии духтурони ҳарбӣ танҳо дар факултаи ҳарбии тиббии Академияи тиббии Тошканд ба роҳ гузошта шуда буд. Бинобар қарори Президент аз 22 октябри соли 2020 «Дар бораи чорабиниҳо оид ба ташкили низоми сифатан нави тарбияи кадрҳо дар соҳаи тиббиёти ҳарбӣ» дар пойгоҳи факулта Академияи ҳарбии тиббии Қувваҳои Мусаллаҳ ба вуҷуд оварда шудааст.

    Шоистаи зикр аст, ки ин муассисаи таълимӣ дар шафати Госпитали марказии клиникии ҳарбӣ сохта шудааст. Президент бо шароити академия низ шинос гардид.

    Академия барои 250 донишҷӯ ва шунаванда муқаррар гаштааст. Дар ин ҷо духтурони ҳарбӣ тарбия ёфта, бозомӯзии кадрҳои тиббӣ роҳандозӣ гаштааст. Дар бинои таълимӣ 2 факулта, 5 кафедра, 2 марказ, донишкада ва маъмурият фаъолият доранд. Синфҳо бо тамоми шароит барои машғулоти назариявӣ ва амалӣ таъмин мебошад. Инчунин барои 186 ҷой хобгоҳ вуҷуд дорад.

    Роҳбари давлат ба ҷанбаи мундариҷавии таълим дар академия эътибори алоҳида нигаронд.

    – Бино ва шароит хуб, аммо ин аввали кор аст. Ҳоло муҳимаш он аст, ки маъно ва моҳияти тиббиёти ҳарбӣ фаҳмида шуда, таълим дуруст роҳандозӣ гардад. Барои ин низоми педагогӣ, илмиву амалӣ ба вуҷуд оварда шавад, ки ба таҷрибаи хориҷӣ асос меёбад. Ин низом бояд алтернативӣ ва барои муассисаҳои таълими олии тиббии дигар рақиб бошад, хатмкунандагон дар соҳаи худ чун эталон бояд зоҳир гарданд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Дар бобати татбиқи менеҷменти хориҷӣ дар академия, барои такмили малака ба чунин мамлакатҳо чун Туркия ва Куриёи Ҷанубӣ фиристодани хатмкунандагони аввал супоришҳо дода шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates