Дар ин бора хабаргузории IRNA хабар дод.
«Имрӯз ҳақиқат ин аст, ки мо дигар интихобе надорем — кӯчонидани пойтахт ин зарурат аст», - гуфтааст ӯ.
Ба гуфтаи роҳбари давлат, ин масъала ба мушкилоти ҷиддии таъминоти об вобаста буда, он бо афзоиши аҳолии шаҳр метавонад ба фалокати башардӯстона оварда расонад.
Дар моҳи март ҳукумати Эрон хабар дода буд, ки дар чаҳор вилояти кишвар — Разавии Хуросон, Язд, Исфаҳон ва Теҳрон бинобар солҳои тӯлонии хушксолӣ буҳрони шадиди об ба вуҷуд омадааст.
Ҳукумати Эрон мушкилоти асосиро, ки дар ин манотиқ рух медиҳанд, бо хушк шудани дарё, ботлоқзор, обанбор ва коҳиши самаранокии обхезҳо вобаста медонад, хабар медиҳад ria.ru.