Ин лоиҳаи бузургу нодир бар асоси қарори Сардори давлат аз 23 июни соли 2017 оғоз ёфта буд. Пас аз муддати кӯтоҳ, дар рӯзи иди Рамазони соли 2018 санги асоси он гузошта шуд. Дар тӯли солҳои гузашта дар ин мавзеъ корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ ба миқдори зиёд ба анҷом расонида шуданд.
Марказ бо ҳамоҳангии анъанаҳои қадимаи меъморӣ ва унсурҳои ороиши миллии ӯзбекӣ бунёд ёфтааст. Дар чор тарафи бино порталҳои баландии 34 метрӣ ва дар марказ гунбази сабки миллӣ бо баландии 65 метр қомат афрохтааст.
Дар қисми марказии маҷмаа Толори Қуръони Карим ҷой гирифтааст, ки дар он ганҷи нодири маънавии ҷаҳони ислом — Қуръони қадимии ба намоиш гузошта мешавад. Илова бар ин, дар ин ҷо нусхаҳои хаттии китобҳои муқаддас аз давраҳои Сомониён, Қарохониён, Хоразмшоҳиён, Темуриён ва дигар сулолаҳо, тарҷумаҳои онҳо ба забони ӯзбеки қадим, инчунин намунаҳои нодири Қуръонҳои хаттии аз тамоми ҷаҳон ҷамъоваришуда ба намоиш гузошта мешаванд.
Дар таркиби маҷмаа толори конфронс бо 460 ҷойи нишаст бунёд ёфтааст, ки бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои баргузории вохӯриҳои байналмилалӣ ва форумҳои илмӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст.
Дар осорхона бахшҳои зерин таъсис ёфтаанд: «Тамаддунҳои пеш аз ислом», «Эҳёи якум», «Эҳёи дуюм», «Ӯзбекистон дар асри XX» ва «Ӯзбекистони Нав – Эҳёи нав». Дар ин ҷо маълумот оид ба зиндагӣ ва фаъолияти олимони бузург, аз ҷумла Имоми Бухорӣ, Имоми Тирмизӣ, Абумансур Матуридӣ, Баҳоваддини Нақшбанд ва дигар уламоҳои маъруф пешниҳод шудааст.
Ҳамчунин, фаъолияти шахсиятҳои маъруфе, ки дар таърихи мо ҳамчун ҳомиёни илм, маърифат ва маънавият шинохта шудаанд — Бибихонум, Нодирабегим, Увайсӣ ва Анбар Отин — ҳамчун экспозитсияи алоҳида ба намоиш гузошта шудааст.
Сарвари давлат ҳамеша зарурати ғанӣ гардондани фаъолияти марказ бо муҳтавои амиқи илмӣ ва маърифатиро таъкид менамояд. Дар ҷараёни боздид дар бораи густариши ҳамкории марказ бо Академияи байналмилалии исломии Ӯзбекистон, марказҳои илмии ба номи Имоми Бухорӣ, Имоми Тирмизӣ ва Имоми Матуридӣ маълумот пешниҳод гардид.
Ҳангоми боздид Президент бо раванди корҳои пардозӣ ва ороиши дохилӣ, муҳтавои бахшҳои намоишӣ ва истифодаи технологияҳои интерактивӣ шинос шуд.
Сарвари давлат аҳамияти он ҷиҳатро таъкид намуд, ки экспонатҳо барои меҳмонон — ҳам шаҳрвандони дохилӣ ва ҳам хориҷӣ — бо шакли ҷолиб ва фаҳмо пешниҳод шаванд. Дар ин замина ба зарурати зиёд намудани шумораи мутахассисон ва роҳнамоён (экскурсоводҳо), ки барои кор дар марказ тибқи барномаҳои махсус омода мешаванд, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Оид ба минбаъд ғанӣ гардондани муҳтавои экспозитсияҳо ва пурра ошкор сохтани мероси маънавию илмии халқи мо дастурҳо дода шуданд.











