Соли 2019 боғ барои иҷора ба ширкати хориҷӣ пешниҳод шуда буд. Тӯли вақти гузашта дар ин ҷо корҳои сохтмону таъмирӣ ба маблағи 12 миллион доллар иҷро шуданд, 43 адад аттраксионҳои нав устувор гардида, беш аз 300 ҷойи корӣ фароҳам омаданд.
Агар пештар аз боғ рӯзе тақрибан 30 ҳазор меҳмонон боздид ба амал меоварда бошанд, баъди таҷдид шумори миёнаи тамошобинон то ба 60 ҳазор расид.
Роҳбари давлат боғро тамошо ва бо истироҳаткунандагон суҳбат кард. Алалхусус бо бачагон самимона мулоқот намуда, ба онҳо орзуҳои беҳтаринашро изҳор сохт.