Ӯро мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба
масъалаҳои экология, раиси Кумитаи миллии экология ва тағйирёбии иқлим Азиз
Абдуҳакимов ҳамроҳӣ намуд.
Зимни боздид ба
Президенти Муғулистон дар бораи ислоҳоти дар Ӯзбекистон амалишаванда дар соҳаи
экология маълумот пешниҳод гардид. Ҳамчунин, доир ба масъалаҳои ҳифзи муҳити
зист, тағйирёбии иқлим ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳо байни ду кишвар табодули
афкор сурат гирифт.
Ухнаагийн
Хурэлсух ташаббусҳои пешниҳоднамудаи Ӯзбекистон ва корҳои дар самти ҳалли
мушкилоти экологӣ анҷомдодашударо баланд арзёбӣ кард.
Ҳамчунин, омодагӣ
барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳалли мушкилоти экологӣ
ва иқлимӣ таъкид гардид.