Суръати созандагиҳо дар минтақа аллакай аз дарвоза шаҳр – аэропорт ба чашм мерасад. Дар ин ҷо аз ҳисоби 140 миллион сармоя теминалҳои нав сохта мешаванд.
Ин лоиҳа соли гузашта зимни сафари роҳбари давлат ба вилоят муаррифӣ гардида буд. Имрӯз корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд.
Фурудгоҳи ҳозира барои ҷараёни сайёҳо хеле хурд аст. Дар терминали нав, ки сеошёна бунёд мегардад, иқтидори қабули мусофирон 2,5 баробар меафзояд.
Шуъбаҳои назорати сарҳадӣ ва раводид, толори тиҷоратӣ, нуқтаҳои савдо ва хӯрокворӣ, утоқи тиббӣ, мағозаҳои Duty Free ба таври муосир сохта мешаванд.
Инчунин, дар фурудгоҳ терминали калони боркаш сохта мешавад. Он барои кашонидани 50 тонна бор дар як рӯз ва ба 90 мамлакати ҷаҳон содир намудани онҳо имкон медиҳад. Муҳимтар аз ҳама, тавассути ин дар водӣ системаи ягонаи боркашӣ ба вуҷуд меояд. Иқтидори тиҷоратӣ, содиротӣ ва транзити минтақа меафзояд.
Масалан, соли ҷорӣ ба вилояти Намангон ҷалби 1,5 миллион сайёҳи хориҷӣ ва беш аз 2 миллион сайёҳи маҳаллӣ ва тавассути ин ба 210 ҳазор доллар расонидани содироти хидматрасониҳо пешбинӣ шудааст. Содироти вилоятҳои Андиҷон ва Фарғона низ зиёд мешавад.
Таҷҳизоти махсуси сервисии фурудгоҳ низ нав карда мешаванд. Ин барои қабули самолётҳои андозаашон гуногун ва хидматрасонӣ ба онҳо имкон медиҳад. Инчунин, кайтеринг, маҷмааи фурӯши сӯзишворӣ ва дигар биноҳои хоҷагӣ сохта мешавад. Соли оянда ба кор даровардани терминалҳои нав дар назар аст.
Роҳбари давлат оид ба рушди ҳамоҳанги инфрасохтори атрофи фурудгоҳ супоришҳо дод. Таъкид гардид, ки чун таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ дар атрофи фурудгоҳ бояд меҳмонхонаҳо, маҷмааҳои савдо ва фароғатӣ, тамоми хизматрасониҳои замонавӣ мавҷуд бошад. Вазифа гузошта шуд, ки истгоҳи нақлиётӣ ва иншооти хидматрасонӣ ташкил гардида, барои меҳмонон имкониятҳои бештар фароҳам оварда шавад.












