Президент дар меҳмонии маҳаллаи Нуқус

    Ҳукумат 30 Mart 2023 4336

    Президент Шавкат Мирзиёев 30 март ба маҳаллаи Алтин жағиси шаҳри Нуқус ташриф оварда, бо зиндагии аҳолӣ шинос шуд.

    Дар ин ҷо зиёда аз 4 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Кори мақсаднок дар маҳаллаҳо дар Алтин жағис низ самараи хуб дода истодааст. То вақтҳои охир бо нақлиёт ба ин ҷо омадан душвор буд, дар маҳалла шабакаи алоқа намерасид. Соли гузашта он ба барномаи маҳаллаи «Обод» дохил карда шуда, дар ин ҷо корҳои зиёди сохтмону кабудизоркунӣ ба ҷо оварда шуданд. Роҳҳо, шабакаи барқ, системаҳои оби нӯшокӣ ва газ нав карда шуданд.

    Маркази маҳалла аз нав сохта, дар атрофи он майдончаҳои бозии бачаҳо, пункти тиббӣ, маркази дастгирии соҳибкорӣ ва мағоза ҷойгир шудаанд. Сохтмони маҷмааи спортии замонавӣ ба охир расида истодааст. Ҳамаи ин барои аҳолӣ қулайӣ фароҳам меоварад.

    Сарвари давлат бо дигаргуниҳо дар маҳалла шинос шуда, бо сокинон суҳбат кард.

    — Хурсандам, ки маҳаллаи шумо обод шуда истодааст, мебинам, ки одамон мамнунанд. Мо ин корро дар ҳама ҷо давом медиҳем. Мо имсол барои ободонии маҳаллаҳои Кароқалпоқистон, ободонии роҳҳо, бо обу электр таъмин кардан, сохтану таъмир кардани мактабу боғчаҳои бачагон ва пунктҳои тиббӣ 1,5 триллион сӯм ҷудо мекунем. Ба ғайр аз ин, ба ҳар яки 452 маҳаллаҳои Қароқалпоқистон ба миқдори 500 миллион сӯмӣ маблағи иловагӣ ҷудо карда мешавад. Маҳаллаҳо мушкилоти худро беҳтар медонанд. Бинобар ин мо маблағ медиҳем, худашон назорат мекунанд. Он гоҳ сифату фоида мешавад. Халқ хурсанд мешавад, — гуфт Президент.

    Дар маҳалла инчунин ба дастгирии соҳибкорӣ ва созмон додани ҷойҳои нави корӣ эътибор дода мешавад. Хоки ин ҷо барои хоҷагии қишлоқ номусоид аст. Сокинон асосан аз ҳисоби хидматрасонӣ даромад мегиранд. Дар ин ҷо пунктҳои хидмати маишӣ, корхонаҳои дӯзандагӣ, нонвойхона, сехи мебелбарорӣ, пункти хизмати техникӣ мавҷуданд. Дар оянда ба нақша гирифта шудааст, ки заргушпарварӣ ва моҳидорӣ ривоҷ дода шавад.

    Шиносоӣ бо маҳалла бештар аз як соат давом кард. Сарвари давлат дар меҳмонии сокини маҳаллӣ Қуанишбой Сейтназаров шуда, дар ин ҷо ифторӣ кард.

    Кишварамонро то ҳол шукуҳи ҷашни Наврӯз тарк накардааст. Сарвари давлат дар тантанаи сокинони маҳалла, ки сумалак омода мекарданд, низ ширкат варзид.

    Дар ин ҷо Шавкат Мирзиёев бо намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ суҳбат кард.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates