Пеш аз ҳама, ҳамаи шуморо бо иштироки муваффақона дар бозиҳои Олимпиадаи Президент, ки дар ҳаёти Ватанамон нақши фаромӯшнопазир гузошт, аз таҳти дил самимона табрик мегӯям.
Албатта, бо шарофати иштироки муносиби қариб 3 ҳазор нафар шумо барин варзишгарони пурқуввату навҷавон, ки аз миёни беш аз 100 ҳазор духтарону писарони марҳилаҳои интихобӣ ғолиб баромадаед, имрӯз ба ифтихор таъкид карда метавонем, ки ин мусобиқаҳо ба низоми нодиру мукаммали варзиши Ӯзбекистон табдил ёфтаанд.
Пирӯзӣ ва натиҷаҳои рекордӣ, ки дар муборизаҳои пуршиддату созишнопазир дар давоми тақрибан даҳ рӯз ба даст омаданд, ин ҳақиқатро комилан исбот мекунанд.
Бахусус, духтарони вазнбардор Шаҳноза Ҳайдарова ва Моҳинур Эсонбоева, инчунин варзишгари атлетикаи сабук Садафбону Нусратуллоева рекорди Ӯзбекистонро нав карданд, паҳлавони 17-сола Қамариддин Худойберганов аз рӯйи гӯштии юнону румӣ чемпиони амалкунандаи Осиё ва ҷаҳонро, таэквондочиёнамон Комила Султонова, Умаралӣ Абдуҷабборов ва Мираслава Омелченко бошад, бар чемпионҳои мамлакат дастболо шуда, ба зинаҳои баландтарин баромаданд, ки ин ҳама шоистаи таҳсин аст.
Боз як ҷиҳати муҳим – аз миёни ҷавонони боистеъдоде, ки дар доираи низоми “Олимпиадаи панҷ ташаббус”, ки аз ин чор сол пеш роҳандозӣ шуд, кашф гардида буданд, 23 нафар дар ҳамин Олимпиада ғолиб ва ҷоизадор гардиданд.
Ин ҳама аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Олимпиадаи Президент ба як мусобиқаи басо масъулиятнок барои ҷавонони мо табдил ёфта, суннатҳои пуршарафи худро акнун ташаккул медиҳад.
Бовар дорам, ки ин фарзандони мо, ки қадамҳои аввалини худро дар варзиш аз маҳаллаи азизи худ гузошта, имрӯз шарафи минтақаи худро бо далерӣ ҳимоя карданд, дар оянда шуҳрати Ватанамонро дар майдонҳои ҷаҳонӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ хоҳанд кард.
Ҷавонони варзишгари азиз!
Рақобатҳоеро, ки бо иштироки шумо баргузор шуд, мо якҷоя бо тамоми мардуми кишвар бо шавқу ҳаяҷони бузург пайгирӣ намуда, диламон аз парвариш ёфтани захираи бузургу пуриқтидори олимпӣ дар Ӯзбекистони Нав саршори шодӣ ва ифтихор гардид.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа, падару модарон ва мураббиёни онҳоро махсус табрик карда, мехоҳам як нуктаро таъкид намоям. Аслан иштирок дар чунин мусобиқаҳо худ бахти бузург ва дастоварди калон аст. Зеро ин бозиҳо ба дили шумо рӯҳи Олимпиада, ғояҳои Одимпиадаро ворид месозанд, барои қадамҳои устувор ба сӯи майдонҳои ҷаҳонӣ ҳамчун мактаби бузурги таҷриба ва маҳорат хизмат мекунанд.
Бешубҳа, мо ин низомро минбаъд такмил дода, аз соли оянда ба таркиби он навъҳои варзиши обӣ, велоспорт, триатлон, шамшербозӣ ва намудҳои даставиро низ ворид мекунем. Дар ҳар як марҳилаи Олимпиада меъёрҳои байналмилалии варзиш пурра татбиқ мешаванд ва барои тайёр кардани варзишгарони бомаҳорат низоми омӯзиши мураббиён дар асоси методология ва равишҳои муосир роҳандозӣ мегардад.
Ҳамчунин, барои арзёбии натиҷаҳои мусобиқаҳо бо усули ошкорову шаффоф, малакаи ҳакамон такмил дода мешавад, вобаста ба хусусияти ҳар намуди варзиш, шароити мактаб ва маҳфилҳои варзишӣ беҳтар мегардад.
Дар иҷрои ин корҳо, бовар дорам, ки шумо ҳам бо дониш, таҷриба, ки дар мусобиқаҳои имсола ба даст овардед ва пешниҳодҳои амалӣ муносиб иштирок менамоед.
Аз фурсат истифода бурда, ба роҳбарони минтақаҳо, вазорату идораҳои дахлдор, инчунин, шахсони мутасаддӣ, федератсияҳои варзиш, боргоҳҳои таълими олӣ, дастаҳои техникум ва мактабҳо, волонтёрони дилсӯз, тамоми мухлисони варзиш ва мардуми бисёрмиллати кишварамон, ки барои дар сатҳи олӣ ташкил намудани марҳилаҳои интихобӣ ва финалии ин мусобиқаҳо мусоидат карданд, ҷавононро дастгирӣ намуданд, самимона изҳори миннатдорӣ менамоям.
Шумо имрӯз марраҳои бузургро фатҳ кардед. Дар наздатон бошад, ҳанӯз қуллаҳои боз ҳам баландтар қарор доранд.
Ба ҳамаи шумо дар мусобиқаҳои оянда пирӯзӣ ва натиҷаҳои боз ҳам баландтарро таманно мекунам.
Ҳаргиз аз ҷустуҷӯи пайваста, пешрафт ва саъю талош бознаистед, фарзандони азизам!
Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон









