Президент бо лоиҳаҳои нави комбинати маъдани кӯҳии Ӯзбекистон шинос шуд

    Ҳукумат 12 Avgust 2022 7347

    Президент Шавкат Мирзиёев барои шинос шудан бо шароити зиндагии аҳолӣ ва кори объектҳои саноатӣ 12 август ба шаҳри Бекобод омад.

    Дар рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр комбинати маъдани кӯҳии Ӯзбекистон мавқеи муҳим дорад, ки дар таркиби он даҳҳо корхонаҳо ва муассисаҳои иҷтимоӣ фаъолият доранд. Комбинат 11 ҳазор нафарро бо кор таъмин мекунад.

    Аз ин рӯ, ба васеъ гардондани фаъолияти комбинат таваҷҷуҳи алоҳида дода мешавад. Дар солҳои охир як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ татбиқ гардида, сехҳои нав ба истифода супурда, сехҳои мавҷуда таҷдид карда шуданд.

    Дар байни онҳо маҷмӯи прокати хушҷинс ҳаст. Дар доираи лоиҳаи арзишаш 5 миллион доллар дар ин ҷо хати мустаҳкамкунии ҳароратӣ насб карда, моҳи феврали соли ҷорӣ ба истифода дода шуд. Дар натиҷа имкони истеҳсоли 500 ҳазор тонна арматураи тамғаи А500-А800 дар як сол ба вуҷуд омад.

    Зимни боздид аз корхона сарвари давлат ин маҷмӯъро аз назар гузаронда, ба нишондиҳандаҳои техникиву иқтисодии лоиҳа таваҷҷуҳ намуд.

    Ҳамин тариқ арзиши аслии истеҳсоли арматура аз ҳисоби сарфаи ҷузъҳои кимёвӣ ба туфайли ҷорӣ карда шудани технологияи мустаҳкамкунии ҳароратӣ коҳиш ёфт. Бинобар ҳисобу китоб иваз кардани воридот ба маблағи 300 миллион доллар дар як сол ба даст оварда шуд.

    Инчунин он чиз муҳим аст, ки арматура бинобар андозаи байналмилалии DIN сертификатонида шудааст. Ба Аврупо содир намудани маҳсулоти мазкур ба нақша гирифта шудааст.

    Президент боз бо як лоиҳаи муҳим – сохтмони маҷмӯи рехтагариву прокатӣ шинос шуд.

    Лоиҳаи арзишаш 672 миллион евро имконияти ба роҳ мондани истеҳсоли 1 миллион тунукаҳои оҳанинро фароҳам меорад. Дар натиҷа иқтидори комбинат ду баробар меафзояд.

    Дар айни ҳол кор оиди кашидани роҳи оҳан ва автомобилгард ба маҷмӯъ анҷом ёфта, конструксияҳои оҳану бетонӣ насб карда мешаванд. Таҷҳизоти заруриро ширкати итолиёии «Danieli» насб мекунад. Маҷмӯи мазкур соли 2024 ба истифода дода мешавад.

    Сарвари давлат зарурати тезондани татбиқи лоиҳа ва таъмин намудани дастрасии кафолатнок ба ашёи хомро зикр намуд.

    – Як вақтҳо барои комбинат кифоя буд, ки 800-900 ҳазор тонна маъдани дуюми сиёҳ истеҳсол намояд. Аммо имрӯз иқтисодиёти мо ба 4 миллион тонна маъдани сиёҳ ниёз дорад, ки 50 фоизи ин ҳаҷм аз ҳисоби воридот таъмин карда мешавад. Маҳз барои ҳамин корхонаро ҳарчи зудтар ба кор дарорем, иқтисодиёти мо ҳамон қадар фоидаи калон ба даст меорад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Сарвари давлат бо роҳбарони ширкатҳои «Renaissance Heavy Industries» (Туркия) ва «Danieli» (Италия), ки дар лоиҳа иштирок доранд, суҳбат кард.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates