Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов меҳмони фахриро муовини вазири сайёҳӣ ва варзиш Аваз Каримов, Дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон Ойбек Касимов, раиси Кумитаи миллии паралимпии Ӯзбекистон Мухторхон Тошхоҷаев ва намояндагони ВАО пешвоз гирифтанд.
Пас аз расидан Маҷид Рашид таассуротҳояшро баҳам дид:
«Ин бори аввал нест, ки ман ба Ӯзбакистон ташриф меорам. Соли 2013 ман ба кишвари шумо ташриф овардам. Мунтазам аз хабарҳо ман дар бораи ислоҳот ва тағйиротҳои азим, ки вақтҳои охир дар кишвари шумо ба амал омада истодаанд, маълумот мегирам. Ба туфайли таваҷҷӯҳи давлат ба Ҷунбиши паралимпӣ паратлетҳои Ӯзбекистон сол аз сол натиҷаҳои баланд ба даст меоранд. Умедворам, ки паралимпиадачиёни шумо дар Бозиҳои паралимпӣ дар Токио бомуваффақият баромад хоҳанд кард”.
Ҳайат бо роҳбарии Маҷид Рашид дар чорабинии оммавии варзишӣ, ки дар "Central Park"-и Тошканд баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард, хабар медиҳад хидмати матбуот.
Меҳмони фахрӣ бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазири сайёҳӣ ва варзиш Азиз Абдуҳакимов ва раиси КМО Рустам Шоабдураҳмонов мулоқот мекунад.