Ин соҳа дар иқтисодиёти кишвар бо таъмини ҷойҳои корӣ, ҷалби сармояҳо, татбиқи инноватсияҳо, баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва ҳавасманд гардондани содирот нақши калидӣ мебозад. Дар панҷ соли охир шумораи корхонаҳои хурд ва миёна дучанд афзудааст. Дар онҳо 10,5 миллион нафар фаъолият мекунанд, ки 74 фоизи шумораи умумии аҳолии коркунандаро ташкил медиҳад. Зиёда аз нисфи ҳаҷми иқтисодиёт, сеяки саноат ва содироти кишвар ба ин бахш рост меояд.
Ин нишондиҳандаҳо аҳамияти тиҷорати хурд ва миёнаро барои кишвар равшан инъикос мекунанд. Президент таъкид кард, ки дастгирии соҳибкорӣ ҳамоно самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ боқӣ мемонад.
– Дастгирии соҳибкорӣ роҳи стратегии мо мебошад, – изҳор дошт Шавкат Мирзиёев.
Дар вохӯрӣ вазифаҳои муҳими рушди соҳибкории хурд ва миёна муҳокима шуданд. Аз ҷумла, ҳадафҳои зерин барои соли 2025 муайян карда шуданд:
- то 55 фоиз афзоиш додани ҳиссаи сектор дар иқтисодиёт бо фароҳам овардани арзиши иловагӣ ба миқдори 70 миллиард доллар;
- аз 9 то 12 миллиард доллар афзоиш додани ҳаҷми содироти соҳибкории хурд бо дастгирии интиқол, сертификатсия ва стандартизатсияи маҳсулот;
- 2–3 маротиба зиёд кардани ҳиссаи соҳибкории хурд дар бахшҳои таъмини об, канализатсия, роҳсозӣ, хоҷагии коммуналӣ, логистика, муҳоҷират, фарҳанг ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ;
- 1,5 миллион ҷойи кории доимӣ офарида, ҳиссаи аҳолии машғули ин бахшро то 75 фоиз расонидан;
- шумораи корхонаҳоеро, ки беш аз 100 коргар доранд, то 4 ҳазор зиёд расондан;
- таҳияи 100 бренди нав дар соҳаи соҳибкории хурд;
- бо маблағ таъмин кардани 200 лоиҳаи стартапӣ бо иштироки соҳибкории хурд.
Барои расидан ба ин ҳадафҳо бо иштироки коршиносони байналмилалӣ барномаи ҳамаҷониба таҳия шудааст. Дар соли 2025 барои татбиқи он 10 миллиард доллар аз манбаъҳои гуногун ҷудо карда мешавад.
Президент инчунин дар бораи имкониятҳои наве, ки барои соҳибкории хурд ва миёна фароҳам оварда мешаванд, муфассал шарҳ дод.
Аз ҷумла, барои ҷалби аҳолӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ 22 триллион сӯм захираҳои имтиёзнок пешбинӣ шудаанд. Аз ин маблағ, 2,5 триллион сӯм барои дастгирии соҳибкории ҷавонон ва ҳамин миқдор барои лоиҳаҳои занони соҳибкор равона карда мешавад. Меъёри фоизи қарз барои занон нисбат ба дигар қарзгирандагон 2 фоиз пасттар хоҳад буд.
Аз худи хамин сол то 300 миллион сӯм карз додан ба корхонаҳои хурд шурӯъ шуд. Акнун соҳибкороне, ки дар соли гузашта ба категорияи корхонаҳои хурд ё миёна гузаштанд, метавонанд бидуни гарав то 150 миллион сӯм қарз гиранд. Илова бар ин, дар доираи барномаҳои соҳибкории оилавӣ қарзҳои бидуни гарав то 50 миллион сӯм пешниҳод мешаванд.
Маблағгузории алтернативии тиҷорат низ густариш меёбад. Дар панҷ соли охир тавассути фондҳои венчурӣ 53 лоиҳаи стартапӣ ба маблағи 145 миллион доллар амалӣ карда шуд. Барои рушди минбаъдаи ин самт се фонди нави венчурӣ бо сармояи умумии 50 миллион доллар таъсис ёфта, инчунин 50 миллион доллари иловагӣ аз хориҷ ҷалб карда шудааст. Ин ба соҳибкорон имкон медиҳад, ки лоиҳаҳоро бо истифода аз технологияҳои пешрафта ва инноватсияҳо татбиқ намоянд.
Маҳсулот ва хидматҳои инноватсионӣ, ки дар доираи стартапҳо таҳия мешаванд, ба регламентҳои техникӣ ва стандартҳо ворид карда мешаванд, ки ин иштироки онҳоро дар харидҳои давлатӣ осонтар мекунад.
Дар се соли охир дар кишвар 250 ҳазор корхонаи нав ба қайд гирифта шудааст. Аммо рушди минбаъдаи онҳо васеъ кардани майдонҳои истеҳсолиро талаб мекунад. Дар робита ба ин, ба роҳбарони вилоятҳо супориш дода шуд, ки қитъаҳои замине, ки барои соҳибкорон ҷолибанд, ба музояда гузоранд.
Боз як навоварӣ: дар ноҳияҳои Қӯнғирод, Чимбой, Асака, Ғиждувон, Ғаллаорол, Яккабоғ, Хатирчи, Чортоқ, Булунғур, Сирдарё, Денов, Қӯқанд, Шавот ва шаҳрҳои Янгйӯл ва Марғилон ҳамаи муассисаҳои давлатӣ ба биноҳои бисёрошёна кӯчонида мешаванд. 150 бинои маъмурии холишуда ба музояда барои соҳибкорон гузошта мешаванд.
Дар соҳаи кишоварзӣ низ тағйирот пешбинӣ шудааст. Дар Ҷумҳурии Қарооқалпоқистон, вилоятҳои Ҷиззах, Тошканд ва Фарғона зиёда аз 5 ҳазор гектар замин бо низоми нави иҷора дода мешавад. Соҳибкорон метавонанд дар ин заминҳо зироат кишт кунанд, инчунин анборҳо, иншооти ҷудокунии маҳсулот ва марказҳои бастабандӣ созанд. Дар соли ҷорӣ боз 30 ҳазор гектар замин бо ҳамин низом ба савдо гузошта мешавад.
Дар таркиби холдинги навтаъсиси "Узагростар" 16 ширкат, ки ба коркарди меваю сабзавот тахассус доранд, таъсис ёфтанд. Дар ҳар як минтақа бунёди маҷмааҳои агросаноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар марҳилаи аввал барои ин мақсад 200 миллиард сӯм ҷудо мегардад.
Барои дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ дар 20 ноҳия офисҳои лоиҳавӣ оид ба рушди корхонаҳои хурду миёна таъсис дода мешаванд. Ба онҳо мутахассисони хориҷӣ – муҳандисон, технологҳо, тарроҳон, муҳосибон ва бозоршиносон ҷалб карда мешаванд. Барои ин дар соли 2024 100 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.
Барои соҳибкороне, ки дар соҳаи таҷҳизот, электроника, дастгоҳҳои тиббӣ, логистика ва дигар самтҳои ояндадор фаъолият мекунанд, барномаҳои махсуси дастгирӣ таҳия карда мешаванд.
Барои соҳибкорони нав соли аввали кор хеле муҳим аст. Аз ин рӯ, принсипи "аввалин имконият" ҷорӣ карда мешавад: агар тиҷорати хурд бори аввал ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кунад, ба он имконият дода мешавад, ки хатояшро бе ҷарима ислоҳ намояд.
Тартиби барҳам додани корхонаҳои хурд содда мегардад. Ширкатҳое, ки гардиши солонаи онҳо камтар аз 10 миллиард сӯм аст ва қарзи андоз надоранд, метавонанд бе тафтишот фаъолияташонро қатъ кунанд.
Тавре ки маълум аст, то соли 2028 дар кишвар меъёри ААИ (НДС) ва андоз аз фоида баланд намешавад. Акнун се соли дигар мораторий барои қабул кардани қонунҳои наве, ки ба тиҷорати хурду миёна ӯҳдадориҳои иловагӣ мегузоранд, ҷорӣ карда мешавад.
Барои фермерон қарори муҳим қабул шуд: ҷаримаҳои пештар ҳисобшуда ба маблағи 1 триллион сӯм, ки барои пардохти саривақтии андозҳо ҷамъ шуда буданд, пурра бекор карда мешаванд.
Шароити мусоид барои рушди интеллекти сунъӣ, технологияҳои рақамӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, инчунин саноати креативӣ фароҳам оварда мешавад.
Стратегияи дастгирии соҳибкории хурд дар Ӯзбекистон аз ҷониби муассисаҳои байналмилалии молиявӣ пуштибонӣ мешавад. Президенти кишвар роҳбарони намояндагиҳои Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Агентии рушди Фаронсаро. ки дар ин мулоқот ҳузур доштанд, шунида, ба онҳо барои саҳмашон дар рушди соҳибкорӣ изҳори сипос кард.
Соҳибкорон дар вохӯрӣ сухан ронда, чораҳоро оиди васеъ кардани тиҷорат, баромадан ба бозорҳои нав, татбиқи стандартҳо, эҷоди брендҳо ва рушди стартапҳо пешниҳод доштанд. Президент ташаббуси таъсиси Ассотсиатсияи тиҷорати хурдро дастгирӣ кард.
Таъкид карда шуд, ки соҳибкорон таҳти ҳимояи доимии қонун ва давлат қарор доранд.
– Ман ҳамеша ёрдамчӣ ва пуштибони боэътимоди шумо хоҳам буд. Аз татбиқи навовариҳо хаста нашавед, ман ҳам аз дастгирии шумо хаста намешавам, – изҳор дошт Шавкат Мирзиёев.
Дар асоси натиҷаҳои вохӯрӣ, бо дарназардошти пешниҳодҳои иброзшуда, фармони президентӣ қабул карда мешавад, ки барои татбиқи чорабиниҳои баррасишуда нигаронида шудааст. Ҳамаи сабукиҳои дар он пешбинишуда бидуни таъхир, бе зарурати қабули ҳуҷҷатҳои меъёрии иловагӣ ба амал татбиқ хоҳанд шуд.