Президент аз корхонаи калони истеҳсолии пойтахт дидан кард

    Ҳукумат 21 Iyul 2023 4357

    Президент Шавкат Мирзиёев 21 июл бо фаъолияти корхонаи “Alutex” дар ноҳияи Сергелии Тошканд шинос шуд.

    Дар мамлакати мо ба инкишофи энергетикаи муқобил диққати калон дода мешавад. Аз ҷумла, кори васеъмиқёс оид ба васли панелҳои офтобӣ cap шуд. Ин талаботро ба профилҳои алюминӣ зиёд мекунад.

    Моҳи майи соли ҷорӣ ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Alutex” лоиҳаи истеҳсоли профилҳои алюминиро барои тирезаҳо ва панелҳои офтобӣ оғоз намуд. Корхона имкони тавлиди беш аз 350 намуди 30 ҳазор тонна профили алюминиро дорад.

    Сарвари давлат бо раванди истеҳсолот ва маҳсулоти корхона шинос шуд.

    - Мо нақша дорем, ки якҷо бо ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳон неругоҳҳои офтобӣ ва шамолиро бо иқтидори умумии беш аз 15 гигаватт созем. Энергияи «сабз» ин бозори тайёр, имкониятҳои бузург барои истеҳсолкунандагони мо мебошад. Факат талаби асосӣ сифат аст, - гуфт Президент.

    Корхона дорои таҷҳизоти муосири Италия, Кореяи Ҷанубӣ ва Туркия мебошад. Дар натиҷа 400 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Истеҳсоли боз 130 хели нави профилҳои алюминӣ моҳи сентябр оғоз меёбад. Дар баробари воридотивазкунӣ маҳсулот ба хориҷи кишвар фиристода мешавад.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates