Oppenheimer – бонки мустақили сармоягузории амрикоӣ буда, хидматҳои бонкдории сармоягузорӣ, машваратҳои молиявӣ, хизматрасониҳо дар бозорҳои сармоя ва идоракунии дороиҳоро дар саросари ҷаҳон пешниҳод мекунад.

Саҳми холдинг дар рушди лоиҳаҳои тиҷорати хусусӣ ва барориши еврооблигацияҳо дар Ӯзбекистон қайд карда шуд. Ҳамчунин нақшаҳо оид ба тавсеаи барномаҳои маблағгузории бахши хусусӣ дастгирӣ гардиданд.