Президент бо корҳои созандагии Самарқанд шинос шуд

    Ҳукумат 15 Iyul 2022 6487

    Президент Шавкат Мирзиёев 15 июл мақбараи Имом Бухориро зиёрат кард. Сураҳо аз Қуръон қироат гардида, дуо хонда шуданд.

    Мақбараи аҷдоди бузургворамон яке аз зиёратгоҳҳои асосии ҷаҳони ислом ба шумор меравад. Имрӯзҳо маҷмӯъ тавре сохта мешавад, ки ба ин мартабаи баланд мувофиқ бошад. Барои қариб 10 ҳазор нафар намозгузорон масҷид, чор манора ва айвон сохта мешавад. Дар назди маҷмӯъ меҳмонхонаҳо, автобаза ва автовокзал, нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва савдо сохта мешаванд. Сарвари давлат бо рафти корҳо шинос шуда, ҷиҳати фароҳам овардани тамоми шароит барои ҳоҷиён супоришҳо дод.

    – Худо хоҳад, пас аз ифтитоҳи ин маҷмӯъ шумораи зоирон боз ҳам зиёд мешавад. Хусусан насли калонсол. Барои онҳо тамоми шароитҳоро муҳайё кардан лозим аст. Ин мавзеъ бояд на танҳо маркази динию маърифатӣ, балки маркази фарҳангӣ ҳам бошад. Мо бояд беҳтарин гулпарваронро ҷалб кунем ва боварӣ ҳосил кунем, ки дар ин маҷмӯъ тамоми сол боғи гул вуҷуд дошта бошад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Таъкид гардид, ки маҷмӯъ, ки симои тамоман нав касб карда истодааст, барои ба маркази бузурги зиёратӣ табдил додани тамоми имкониятҳо мавҷуд аст ва аз онҳо самаранок истифода бурдан зарур аст.

    Президент инчунин аз Маркази сайёҳӣ, ки дар ноҳияи Самарқанд сохта мешавад, дидан кард.

    Дар ин ҷо сохтмони 8 меҳмонхона, конгресс-холл, корвон-сарой «Шаҳри абадӣ» идома дорад. Канали заврақронӣ обод карда шуда, дар канори он боғ бунёд карда мешавад.

    Умуман маркази мазкур бо мувофиқат карданаш ба тамоми андозаҳои ҷаҳонии соҳаи сайёҳӣ, иқтидораш барои расондани хидматҳои замонавитарин саноати сайёҳиро на танҳо дар вилояти Самарқанд ва кишварамон, балки тамоми минтақа ба сатҳи нав мебарорад.

    Сарвари давлат оид ба фароҳам овардани шароити муосир барои баргузории форумҳои бузурги байналмилалӣ дар ин ҷо, намоиш ва тарғиби фарҳангу маърифат ва таомҳои миллии халқамон тавсияҳо дод.

    Бо ҳамин Президент Шавкат Мирзиёев сафарашро ба Самарқанд анҷом дода, ба Тошканд баргашт.

    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates