Тавре Бюрои Балкании «Report» хабар медиҳад, Вучич дар
муроҷиаташ гуфт: «Имрӯз ҳамон рӯзест, ки ман дар бораи истеъфои худ эълон
мекунам», — ва таъкид кард, ки бори охир ба ҳайси президенти Ҷумҳурии Сербия ба
шаҳрвандон муроҷиат мекунад.
Вучич гуфт: «Шаҳрвандони муҳтарам, имрӯз ҳамон рӯзест, ки
ман дар бораи истеъфои худ эълон мекунам ва ҳангоми бори охир ба шумо ҳамчун
президенти Ҷумҳурии Сербия муроҷиат кардан, кӯшиш мекунам шуморо бо рақамҳо
хаста накунам».
Вай қайд кард, ки як қисми суханронияшро аз рӯи матни қаблан
омодашуда мехонад ва қисми боқимондаро бар асоси андешаҳои худ баён мекунад.
«Лаҳзаи қабули қарор
фаро расид. Таърих ба мо меомӯзонад, ки пешрафт ҳеҷ гоҳ тасодуфан ба даст
намеояд. Он ба шарофати қарорҳои душвор, масъулияти инсон дар назди виҷдони худ
ва азми пеш рафтан ба даст меояд», — таъкид кард Президенти Сербия.
Вучич
дар суханронии худ бо истинод ба гуфтаҳои сарвазири собиқи Британияи Кабир
Уинстон Черчилл изҳор дошт, ки пас аз солҳои зиёд дар роҳбарии давлат будан,
пешрафт хеле кам бо суръати дилхоҳ ба даст меояд ва идоракунӣ маънои қабули қарорҳои
душвор ва бар дӯш гирифтани масъулияти ҳар як қарорро дорад.
Ӯ
ҳамчунин ба шаҳрвандон изҳори сипос карда, гуфт, ки онҳо ду маротиба ба ӯ
эътимоди бузург зоҳир намуданд. Вучич инчунин дар бораи «саҳифаи нав», ки дар
пеши Сербия боз мешавад, сухан гуфт.
Бояд
гуфт, ки Вучич дар даври аввали интихоботи президентии соли 2017 бо гирифтани
55,08 дарсади овозҳо пирӯз шуда буд. Давраи дуюми президентии ӯ соли 2022 оғоз
гардида, тибқи тартиби муқаррарӣ бояд соли 2027 ба анҷом мерасид.
Тибқи
Конститутсияи Сербия, ваколатҳои президентро раиси собиқи Ассамблеяи миллӣ Ана
Брнабич иҷро хоҳад кард. Интихоботи президентӣ бояд дар давоми се моҳ аз рӯзи
истеъфои сарвари давлат баргузор шавад.
Вучич
изҳор дошт, ки байни анҷоми интихоботи парлумонӣ ва эълони интихоботи президентӣ
беш аз як моҳ фосила хоҳад буд, зеро маъракаи интихоботӣ муддати кӯтоҳтар идома
хоҳад кард.