Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба вилояти Сурхондарё ташриф овард. Сарвари давлат сафарро, тибқи анъана, аз зиёрати мақбараи Ҳаким Термизӣ оғоз намуд.

Қуръон тиловат намуда, барои сулҳу осоиштагии мардум ва кишвар дуо карданд.

Дар суҳбат бо уламо дар бораи масъалаи омӯзиши амиқи мероси маънавию маърифатии алломаи бузург, ҳамватани мо Ҳаким Термизӣ, ки дар рушди дини ислом саҳми бузург гузоштааст, васеъ тарғиб намудани онҳо миёни ҳамватанон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ баррасӣ гардид.

Инчунин таъкид гардид, ки ҳифзи фазилатҳои бузурги дини муқаддаси мо, аз қабили некиву инсондӯстӣ, меҳру шафқат, рушди арзишҳои миллӣ, инчунин, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ғояҳои нек ва боз ҳам тақвият бахшидани эҳсоси муҳаббат ва садоқат ба Ватан дар қалби онҳо зарур аст.

Солҳои охир дар ин макони муборак, ки таъмиру обод гардида, ба як маҷмааи зебову муҳташам табдил ёфтааст, барои зиёраткунандагон тамоми шароит фароҳам оварда шуд. Атроф обод гардида, дар мақбара низ корҳои бузурги таъмиру навсозӣ анҷом ёфт. Чароғҳои замонавӣ, низомҳои гармидиҳӣ ва хунуккунӣ насб гардиданд. Барои фароҳам овардани микроиқлим дар ҳудуди маҷмаа беш аз чаҳор ҳазор дарахти бисёрсолаи ороишӣ аз 40 навъ ва зиёда аз 20 ҳазор гулҳои мавсимӣ шинонда шудаанд.

Аз рӯйи сарсабзу обод нигоҳ доштани маҷмааи мутафаккире, ки дар соҳаҳои гуногуни илмҳои исломӣ, аз ҷумла тафсир, ҳадис, фиқҳ, калом, фалсафаи исломӣ, таърихи тасаввуф ва андешаҳои тасаввуфӣ асарҳои зиёд таълиф кардааст ва фароҳам сохтани шароити беҳтар барои зиёраткунандагон супоришоти далхдор дода шуд.