Ин корхонаи фармасевтӣ дар сафи пешсафон дар истеҳсоли доруҳои инфузионӣ қарор дорад. Имрӯз 20 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳлулҳои инфузионӣ дар Ӯзбекистон ба ҳиссаи ҳамин корхона рост меояд.
Чунин воситаҳои доруворӣ аз муҳимтарин маҳсулоти тиббӣ ба ҳисоб мераванд. Истеҳсоли онҳо нисбат ба тайёр кардани доруҳои таблеткагӣ технологияи мураккабтарро талаб мекунад, зеро маҳлул мустақиман ба системаи хун ворид мегардад. Аз ин рӯ, онҳо бояд дар шароити комилан безарар (стерилӣ), бо дақиқии баланд ва тибқи пурраи стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол шаванд.
Арзиши умумии лоиҳа аз 30 миллион доллар зиёд буда, дар ҳоли ҳозир шумораи кормандони корхона 750 нафарро ташкил медиҳад. Қувваи истеҳсолии солона — 114 миллион воҳиди доруворӣ аз 70 номгӯй ба маблағи умумии 135 миллиард сӯм мебошад. Маҳсулот дар бозори хориҷӣ низ серхаридор буда, 20 фоизи он ба содирот равона мешавад.
Дар моҳи ноябри соли ҷорӣ марҳилаи дуюми лоиҳа ба кор андохта шуд, ки боиси афзоиши минбаъдаи иқтидорҳои истеҳсолӣ гардид. Ҳаҷми истеҳсол 30 миллион воҳиди маҳлулҳои инфузионӣ, зиёда аз 70 миллион воҳиди антибиотикҳои хушк ва тақрибан 20 миллион воҳиди қатраҳои чашм ва бинӣ хоҳад буд.
Сарвари давлат бо маҳсулот шинос шуда, инчунин бо муаррифии марҳилаи навбатии лоиҳа ошно гардид.
Дар оянда номенклатураи маҳсулоти истеҳсолшаванда ба 200 номгӯ мерасад. Дар ин марҳила истеҳсоли маҳлулҳои тазриқӣ дар шишаву зарфҳои пластикӣ, инчунин таблетка ва капсулаҳо ба роҳ монда мешавад. Шумораи ҷойҳои корӣ то ҳазор нафар афзоиш меёбад.
Дар ҳамин ҷо Президент бо фаъолони минтақа мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни вохӯрӣ доир ба масъалаҳои муҳими иқтисод, саноат, кишоварзӣ, тарбияи ҷавонон ва ояндаи минтақа баҳси озод баргузор гардид. Сарвари давлат таъкид кард, ки ташаббускории шаҳрвандон омили ҳалкунандаи баланд бардоштани самаранокии ислоҳот мебошад.— Тағйирот бояд, пеш аз ҳама, дар маҳаллаҳо эҳсос карда шавад. Шумо бояд пайваста бо мардум дар иртибот бошед ва ба ҷавонон роҳи дурустро нишон диҳед. Агар ҳамаи мо фаъол бошем, амалу ислоҳоте, ки амалӣ мегарданд, ҳатман самара медиҳанд. Мо бо нақшаҳои бузург ба Сирдарё омадаем. Мо якҷо ин нақшаҳоро баррасӣ намуда, амалӣ хоҳем кард, — гуфт Президент.











