Дар фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд меҳмони олӣ аз ҷониби Сарвазири Ӯзбекистон Абдулла Арипов ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гардид, хабар медиҳад АИ «Дунё».
Барномаи сафар музокиротро дар сатҳи олӣ дар шаҳри Самарқанд дар бар мегирад, ки дар ҷараёни он дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд.
Илова бар ин, Петер Пеллегрини ҳамчун меҳмони ифтихорӣ дар ҷаласаи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО, ки 30 октябр ифтитоҳ меёбад, иштирок хоҳад кард.








