Президентҳои Ӯзбекистон ва Финляндия дурнамои тавсеаи ҳамкории бисёрҷонибаро баррасӣ карданд

    Сиёсат 31 Oktabr 2025 1906

    Дар қароргоҳи "Кӯксарой" мулоқоти расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Финландия Александр Стубб бо иштироки ҳайатҳои расмӣ баргузор гардид.

    Дурнамои таҳкими ҳамкории бисёрҷониба байни Ӯзбекистон ва Финландия, пеш аз ҳама дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ ба таври муфассал баррасӣ шуд.

    Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки равобити сиёсӣ ва мулоқотҳо дар сатҳҳои гуногун босуръат рушд карда, робитаҳои тиҷоратӣ низ фаъолтар гардидаанд.

    Ҳаҷми савдои дуҷониба пайваста афзуда, робитаҳои иқтисодиву соҳибкорӣ таҳким меёбанд. Дар мамлакати мо дар ҳамкорӣ бо Финландия Донишгоҳи байналмилалии Нордик (Nordic) бомуваффақият фаъолият мебарад, барномаҳо дар соҳаи таълими мактабӣ амалӣ мешаванд.

    Дар анҷоми форуми соҳибкорони Ӯзбекистон – Финландия, ки имрӯз доир гардид, портфели лоиҳаҳои муштараки ояндадор бо арзиши умумии беш аз 1 миллиард евро ташаккул ёфт.

    Дар мулоқот инчунин барои бамаротиб зиёд кардани мубодилаи мол, аз ҷумла, ҳавасмандгардонии расонидани маҳсулоти дуҷониба, имкониятҳои таъсиси Фонди муштараки маблағгузории савдо баррасӣ гардид.

    Ташаббусҳои боз намудани лабораторияҳои сертификатсия барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва нассоҷии Ӯзбекистон ба бозорҳои Иттиҳоди Аврупоро дастгирӣ карда шуд.

    Ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои геология ва маводи муҳим, энергетика, саноати кишоварзӣ, рақамисозӣ, зеҳни сунъӣ, экология, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои муҳим афзалият дода шуд.

    Аз рӯйи гузаронидани ҷамъомади навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ ва таъсиси Шӯрои соҳибкорон дар соли 2026 ба созиш расиданд. Таъкид гардид, ки аз густариши ҳамкории байниминтақавӣ ҳар ду ҷониб манфиатдор мебошанд.

    Масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои таълим, тандурустӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Соли оянда баргузории нахустин Форуми ректорон ва инноватсияҳо ба нақша гирифта шудааст.

    Президентҳо аз рӯйи масъалаҳои муҳими дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор карданд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates