Дар доираи барномаи сафар ба пойтахти Белгия Сарвари давлати мо бо роҳбарони Иттиҳоди Аврупо гуфтушунид анҷом медиҳад. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои тавсеа ва амиқ гардондани ҳамкориҳои ҳамаҷониба баррасӣ мегарданд.
Ба имзо расондани Созишномаи шарикии васеъ ва ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо ба нақша гирифта шудааст.
Илова бар ин, мулоқотҳо бо Подшоҳи Белгия Филипп, инчунин бо роҳбарони ширкатҳои пешсафи аврупоӣ ва муассисаҳои молиявӣ низ пешбинӣ шудаанд.









